Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2026 дар доираи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи барномаю нақшаҳои миллӣ, вусъати ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатӣ корҳои зеринро ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо пешниҳоди Кумита доир ба фаъолияти соҳавӣ 4 лоиҳаҳои қарор ва 3 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки Кумита ин пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ мебошад. Бо мақсади натиҷагирии марҳилаи сеюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо Гурӯҳи кории байниидоравии «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағйирёбии иқлим» таъсис ёфтааст, ки он дар доираи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Тибқи нақша моҳҳои июл ва сентябри соли 2026 ҷаласаҳои Гурӯҳи кории байниидоравии «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва тағйирёбии иқлим» бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои ҳуҷҷатҳои банақашгирии старатегӣ дар доираи Шуро баргузор карда мешаванд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Нақшаи амал барои солҳои 2025–2027 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №404 тасдиқ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ барои муайян ва баҳогузорӣ намудани вазъи тағйирёбии иқлим аз манбаъҳои маълумотии шабакаҳои давлатӣ ҷиҳати таҳия намудани шарҳи «Хусусиятҳои иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026» маълумотҳои соҳавӣ ҷамъоварӣ гардида, раванди таҳлил ва арзёбии онҳо идома дорад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 15 омӯзиш (тренинг)-ҳо ва 2 ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ марбут ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар мавзуъҳои «Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда», «Ҳисоботи дусолаи шаффофият», «Мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш», «Гузоришҳои миллии иқлимӣ» баргузор гаштанд.
Бо мақсади иҷрои чорабиниҳои «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» аз ҷумла, 30 маротиба корҳои омӯзишӣ-таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ дар фасли зимистон оид ба хавфи зуҳуроти тарма дар шоҳроҳҳо ва минтақаҳои аҳолинишин ва 24 маротиба корҳои омӯзишӣ оид ба муайяннамоии қабати барф бо усули пиёда дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Ҷиҳати амалишавии чорабиниҳои «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028», аз ҷумла доир ба беҳтар намудани вазъи муомилот бо партовҳо аз ҳисоби сохторҳои Кумита ва шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 163 адад камераҳои назоратӣ дар нуқтаҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо истифода аз панелҳои офтобӣ, ки онлайн назорат бурда мешаванд, насб гардида, барои коҳиш додани қонунвайронкунӣ ва беҳтар гаштани вазъи муомилот бо партовҳо мусоидат намуда истодаанд.
Ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатии дахлдор тибқи нақша дар соли ҷорӣ аз 3 622 586 бех ниҳолон пешбинишуда, ба ҳолати 31-уми майи соли ҷорӣ ба миқдори 3 774 939 бех ниҳолони дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 104 %-и нақшаи ниҳолшинонии соли 2026-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Кумита барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмӯъ 86,6 гектар қитъаҳои замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист вобаста карда шудааст.
Қитъаҳои мазкур таворабандӣ гардида, ба миқдори 128 500 бех (қаламча-кучат) навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда дар соли 2026 шинонида шуда, инчунин ба миқдори 2933 кг тухмии дарахтон кишт карда шудааст.
Бо мақсади мониторинги муҳити зист дар самти назорати ихроҷи моддаҳо ба ҳавои атмосфера аз рӯи 8 нишондод дар 11 нуқтаи муҳофизатӣ 176 ченкуниҳои инструменталӣ, дар самти партовҳо ба манбаъҳои обӣ дар 86 иншоот 168 намунаи паспартовҳо ва дар самти шӯршавии замин 18 намунаҳои хок ташхис карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аксияи экологии «Тозагии замин аз пеститсидҳо» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир гашта, аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 0,25 гектар замин дар ҳаҷми 128,52 тн хокҳои заҳролуд ва 1 824 кг заҳрхимикат ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар масоҳати 1 гектар замин корҳои тозакуни гузаронида шуда, дар ҳаҷми 770,6 тонна хокҳои кам олуда, маводи сохтмонӣ ва 1449 кг пеститсидҳои куҳна мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тоза ва дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш ҷойгир карда шуданд. Инчунин, аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Дустӣ пеститсидҳои куҳна аз қитъаҳои заминҳои заҳролудшуда дар ҳаҷми 537,77 метри мукааб хоки олуда ва 5395,36 кг заҳрхимикат ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш кашонида шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ҷиҳати амалисозии лоиҳаи «Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлордифинил-трихлорэтан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», моҳи майи соли 2026 аксияи «Тозагии Замин» дар ҳудуди Суғд-дараи 3-и ноҳияи Восеъ гузаронида шуда, дар натиҷа зиёда аз 39700 кг заҳрхимикатҳо тоза ва 537 тонна хокҳои олудашуда ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи махсуси заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд. Ин чорабинӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ ва покизагии муҳити зист муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон аксияҳои экологӣ пайваста гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ 1037 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 1471 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 1260 маротиба аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардиданд, ки дар доираи чорабиниҳои мазкур 262 827 нафар шаҳрвандон иштирок дошатанд. Инчунин, аксияҳои экологии “Шаҳри ман – хонаи ман” ва “Саҳми ман дар кабудизоркунии Ватан” мунтазам дар маҳал бо ҷалби ризокорон баргузор гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати пурра гузаштан ба низоми рақамикунонии соҳа Нақшаи амали муштарак вобаста ба «Рақамикунонии равандҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» таҳия ва фармоиши якҷояи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ шудааст, ки он аз 12 банд иборат мебошад.
Инчунин, бо мақсади таҳким бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳавӣ аз ҷониби Раёсати рақамикунонӣ ва инноватсияи Кумита барномаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳои дохилиидоравии «EcoDoc» таҳия шудааст, ки он аз 1 марти соли ҷорӣ фаъол мебошад. Айни замон гардиши ҳама ҳуҷҷатҳо аз қабили мукотиба байни воҳиди сохтории Кумита, гузоришу маълумот ва ҳисоботҳо тавассути барномаи электронии мазкур роҳандозӣ шуда гардидааст.
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумита бо мақсади рақамикунонии маълумоту ҳисоботҳоро аз 48 стансияҳои обуҳавосанҷӣ барои моҳҳои январ-декабри соли 2025 ва аз 29 стансияи обуҳавосанҷӣ барои моҳҳои январ-феврали соли 2026 дар шакли намунаҳои ҳисоботӣ (КМ-1) ворид намуда, онҳо ба шакли рақамӣ гузаронида шуданд.
Кумита бо мақсади ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои стратегияю барномаҳои соҳавӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки аз 29 июн то 02 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (GCF-Green Climate Fund) баргузор гардид, ки дар кори он Директори иҷроияи Фонди Иқлими Сабз Мафалда Дуарте иштирок намуданд. Баргузории ин чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани омилҳои марбут ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ гардида, аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ, маҳз дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз чорабинии бонуфузи байналмилалӣ буда, дар кори он зиёда аз 400 нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони давлатҳои аъзои фонд, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва коршиносони соҳаи иқлим ширкат варзида, масъалаҳои вобаста ба маблағгузории иқлимӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузор гардидани ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии иқлим арзёбӣ гардида, барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» заминаи мусоид фароҳам меорад. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанг дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо эътироф гардида, ташаббусҳои Тоҷикистон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.
Фонди иқлими сабз бузургтарин фонди байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим соли 2010 таъсис дода шудааст. Он лоиҳаҳои бузургро барои гузариш ба иқтисоди камкарбон ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии муҳити зисти ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund), ки аз 29 –уми июн то 2 июли соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим бо арзиши умумии 190 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ гардид.
Аз 190 миллион доллари амрикоӣ 62 миллион долларашро грант ё кумаки бебозгашти Фонди иқлими сабз ташкил медиҳад. Лоиҳаи якум бо маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии 14 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон барои беҳтарсозии ҷомеаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва таъсиси фонди боғҳои мевадиҳанда равона карда мешавад.
Лоиҳаи дуюм барои навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва корезии шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд, инчунин ба таъмири шабакаҳои обёрикунӣ нигаронида шудааст. Ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз ва қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ мегардад.
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумита ҳамарӯза воридшавии маълумотҳо аз стансияю дидбонгоҳҳои обуҳавосанҷии худкор ба Маркази ҷамъоварии маълумотҳо сурат гирифта, аз ҷониби масъулин назорат бурда мешавад. Дар Агентӣ айни ҳол 54 адад стансияҳои ҳавосанҷии мануалӣ ва 98 адад дидбонгоҳҳои обченкунӣ фаъол мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 181 пешгӯиҳои шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии миёнаи онҳо 94,4%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра 439 ҳолати офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51 адад кам мебошад.
Маълумотҳо оид ба пешгӯии обнокии дарёҳо барои мавсими вегетатсияи апрел–сентябри соли 2026 дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ таҳлил карда шуда, тавассути бюллетенҳои гидрологӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид.
Бо мақсади мониторинги муҳити зист давоми соли ҷорӣ 16 376 мушоҳидаҳо ва ташхисҳои ҳолати ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла 11 694 мушоҳида ва ташхисҳои ҳавои атмосферӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бохтар, Турсунзода, 358 ташхиси боришот (борон, барф), 3 820 ташхиси химиявию физикӣ, 122 ташхисҳои микробиологии ҳолати обҳои рӯизаминӣ ва 382 мушоҳидаи ҳолати нурафканӣ гузаронида шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудан ва эмин нигоҳ доштани соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аз офатҳои табиӣ 601 адад барқияҳо оид ба ҳодисаҳои фаромадани тарма, сел, боришоти шиддатнок, вазиши шамоли сахт, тормеғ, яхбандии роҳҳо ва сар задани зуҳуроти тармаву сел, ба вуҷудоии раъду барқ, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва бадшавии дурии биниш дар минтақаҳои гуногуни кишвар тариқи бюллетенҳои ҳаррӯзаи обуҳавошиносӣ ва сомонаи расмӣ (www.meteo.tj) ба аҳолӣ пешниҳод гаштанд.
Кумита бо мақсади беҳтар намудани низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти нодири кишвар дар мавсими зимистони соли 2026 ва баҳори соли 2027 барои корҳои биотехникӣ ба миқдори 13840 тонна маводи ғизо, аз ҷумла алафи табиӣ, ғалладонагиҳо ва намак дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноти табиати ёбоӣ ҷойгир карда шуд. Инчунин, бо дастгирии шарикони рушд таҷҳизоти муосир ва зарурӣ дастрас гардид, ки ин иқдом имкон фароҳам овард, ки сатҳи иҷрои корҳои соҳавӣ, аз ҷумла мониторинг, таҳқиқот ва ҳифзи муҳити зист, беҳтар гардад.
Аз ҷумла, аз 24 феврал то 30 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Данғара, Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангал баҳисобгирии саршумори морхӯр гузаронида шуд. Баҳисобгирӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ки ҳаракати ҳайвонот ва рафтори онҳо дар муҳити табиӣ бидуни дахолати инсон ба таври дақиқ мушоҳида менамояд омӯхта шуда, тибқи маълумоти пешакӣ саршумори ин намуди ҳайвони нодир муътадил буда, дар ҳолати афзоиш қарор дорад. Инчунин, аз 15 апрел то 10 майи соли 2026 баҳисобгирии саршумори гӯсфанди кӯҳии бухороӣ — уриал дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Роғун, Данғара, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Балҷувон, Файзобод ва Рӯдакӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ходимони илмии марказу муассисаҳои давлатии Кумита 32 мақолаҳои илмӣ таҳия ва барои нашр ба маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷӣ ва ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.
Самти муҳими фаъолияти Кумита ин гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотрасонии экологӣ мебошад. Зимни фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявию вилоятӣ 768 маротиба ва тавассути радио 569 маротиба гузоришу барномаҳо пахш гардида, дар рӯзномаҳои даврӣ бошад 231 ахбору гузоришҳо нашр шуданд. Тибқи қарордоди муштарак бо муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» барномаи «Ахбори экологӣ» оид ба мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист моҳе 2 маротиба сабт ва ба намоиш гузошта мешавад.
Дар ин давра, байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ташкилоту корхонаҳо, табиатистифодабарандагон, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна, олии касбӣ 62 адад семинару конфронс, 2460 адад суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, 45 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои самти экологидошта баргузор гардидааст.
Саҳифаи иҷтимоии Facebook-и Кумита 7 616 нафар обуначӣ дошта, 175 156 нафар хабарҳои соҳавиро мутолиа намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 140 адад мавод дар он нашр гардида, бо назардошти тарҷумаҳо бо забони русӣ ва англисӣ 420 ададро ташкил медиҳад. Алоқамандони саҳифаи Facebook-и Кумита то ин давра 73,4% мардон ва 26,6% занонро дар бар мегирад.
Инчунин, дар ин давра 38 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ба воситаи телефони боварӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Кумита қабул гардида, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ шуданд.