Пас аз интишори мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба бетонпӯш гардидани атрофи дарахтон дар микроноҳияи 18-уми шаҳри Хуҷанд, масъала аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи он дар шаҳри Хуҷанд мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки атрофи 7 бех дарахт, аз ҷумла 2 бех тут ва 5 бех санавбар, ки синнашон зиёда аз 10 солро ташкил медиҳад, бетонпӯш карда шудааст. Ҳамзамон муайян шуд, ки дарахтони мазкур ба ҳудуди қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда дохил намешаванд.
Дар натиҷа, аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаҳои 9 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида пешниҳодҳои ҳатмӣ дода шуданд.
Айни замон атрофи дарахтон аз бетон тоза карда шуда, обёрии онҳо таъмин гардидааст. Масъала дар доираи талаботи қонунгузорӣ пурра ҳаллу фасл гардид.