Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Мафалда Дуарте ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода маросими тантанавии ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар ҳошияи омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда шуд.
Нахуст, қабл аз оғози ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода баромад намуда, ҳайати меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки маҳз бо дастгирию тавваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо бори аввал Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Баргузории ин чорабинии сатҳи баланд бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи принсипҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Сипас, Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Мафалда Дуарте баромад намуда, миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва роҳдози намудани чорабинии байналмилалӣ барои дастгирии сиёсати экологӣ баён дошт.
Маросими ниҳолшинонӣ дорои аҳамияти рамзӣ буда, ҳар як ниҳоли шинонидашуда ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии иқлим бахшида шуд. Аз ҷумла, маблағгузории иқлим, ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҷалби ҷавонон ба амалҳои иқлимӣ, рушди инфрасохтори устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои афзалиятнок.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҷавонон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва иштирокчиёни ҷаласаи дарпешистода ширкат варзиданд. Ниҳолшинонии дастаҷамъона ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда арзёбӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар шаҳри Душанбе рӯйдоди муҳими байналмилалӣ буда, нақши пешсафонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағгузории иқлимӣ барои рушди устувор боз ҳам тақвият мебахшад.