25 июни соли 2026 дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон махсус таъкид карда шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуда, аҳамияти Ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи рушди устувори давлат, пешрафти ҷомеа ва таҳкими Истиқлолияти кишвар маънидод намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам омадааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки барои ҳифзи арзишҳои муқаддаси Ваҳдат, сулҳ ва пешрафти Ватани азиз минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.