23 июни соли 2026 чорабинии ҷамъбастии лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Тоҷикистон барои ҷалб ва истифодаи маблағгузории иқлимӣ», ки аз ҷониби Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, баргузор гардид.
Чорабинӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносонро барои ҷамъбасти натиҷаҳои лоиҳа, мубодилаи таҷриба ва баррасии имкониятҳои минбаъдаи рушди маблағгузории иқлимӣ дар кишвар муттаҳид намуд.
Лоиҳа дар натиҷаи татбиқ ба чунин натиҷаҳо ноил гардид, аз ҷумла зиёда аз 120 мутахассис, аз ин 50 зан, дониш ва малакаҳои худро дар самти маблағгузории иқлимӣ ва механизмҳои Фонди Иқлими Сабз (GCF) тақвият доданд, аввалин консепсияи минтақавии лоиҳа барои Фонди Иқлими сабз таҳти унвони «Ландшафтҳои ба иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ», ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад, таҳия ва тасдиқ карда шуд, платформаи миллии маблағгузории иқлимӣ ва низоми рақамии идоракунии донишҳо (KMS) таъсис дода шуданд, инчунин дигар натиҷаҳои назаррас низ ба даст омад.
Натиҷаҳои бадастомада заминаи мустаҳкамро барои ҷалби минбаъдаи сармоягузориҳои иқлимӣ ва татбиқи ташаббусҳои иқлимӣ, ки ба рушди устувори Тоҷикистон равона шудаанд, фароҳам меоранд.