20 июни соли 2026 ҷиҳати омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати рости дарёи Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти шиори "Шаҳри ман-хонаи ман" аксияи экологии "Тозагии соҳил" баргузор гардид.
Дар рафти баргузории аксияи мазкур роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои зертобеи он дар шаҳри Душанбе, ташкилоту муассисаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва волонтёрону ихтиёриён дастаҷамъона иштирок намуда, дар тозагиву озодагии муҳити зист саҳми назаррас гузоштанд.
Чунин тадбири муҳими экологӣ минбаъд низ ҳар рӯзи шанбе дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ", ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти кишвар, бо тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ ва баланд бардоштани савияи маърифати экологии аҳолӣ гузаронида шуда, ҷодаҳо аз ҳаргуна партовҳо, ки ҳусни табиат ва муҳити зистро коста мегардонад, тозаву озода карда мешавад.