17 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ семинари назариявӣ бо иштироки намояндагони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони Кумита, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро ҳамоҳангсози Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ Шаҳло Азизбекова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки биёбоншавии заминҳо бо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва муҳоҷират алоқаманд мебошад.
Дар рафти семинар оид ба таҷрибаҳои барқарорсозии ландшафтҳо, мушкилоти биёбоншавӣ ва хушксолӣ, чорабиниҳои экологӣ, мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба об рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён зимни муҳокимаҳо таъкид намуданд, ки маълумоти пешниҳодшуда барои қабули қарорҳои минбаъда ва тақвияти чораҳо дар самти мубориза бо биёбоншавӣ муфид хоҳад буд.