6 июни соли 2026 дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷиҳати гиромидошти хотираи таърихии фарзандони содиқи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва ходими давлатӣ Нисор Муҳаммад роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварда, оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистонро бо гузоштани гулчанбар ва дуои нек хотираи ин шахсиятҳои барҷастаро гиромӣ доштанд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон бо хизматҳои шоиста ва корнамоиҳои бемисли худ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд.
Арҷгузорӣ ба корномаи онҳо ва пос доштани хотираи некашон аз ҷумлаи рисолатҳои муҳими насли имрӯз ба ҳисоб меравад.