Санаи 28 майи соли 2026 даври ниҳоии озмунҳои эҷодӣ бахшида ба Рӯзи Замин ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар номинатсияҳои «Беҳтарин иншо ва расми экологӣ» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» баргузор гардид.
Ёдовар бояд гашт, ки барои баҳогузорӣ ба маҳсули эҷоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ - расмҳо ва иншоҳо омӯзгорон аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи рассомии ба номи Олимов, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ даъват шуда буданд.
Дар даври ҷамъбастии озмун дар маҷмуъ аз ҷониби таълимгирандагон 96 расм, аз ҷумла, вобаста ба мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон» - 64 расм «Беҳтарин иншо ва расми экологӣ» - 32 расм ва 22 иншо пешниҳод карда шуданд.
Ба ғолибон дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист дипломҳо бо туҳфаҳоҳои хотиравӣ супорида мешавад.