Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2 то 5 июни соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот, дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед, бехатарии Шумо муҳим аст!