Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аксияи экологии «Тозагии соҳил» баргузор гардид.
Дар натиҷаи чорабинии мазкур 6,2 метри мукааб партов ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.
Ташкили чунин иқдомҳо барои беҳдошти вазъи экологӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва баланд бардоштани масъулияти экологии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.
Муҳити зисти тоза - масъулияти муштараки мост!