28 майи соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори генералии ширкати чинӣ Wangneng Environment Пинг Сонг баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо дурнамои сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо»-ро баррасӣ намуданд.
Музокирот дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва мутахассисони соҳаҳои экология ва энергетика омӯзиши ҷанбаъҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологии лоиҳаи эҳтимолиро оғоз карданд. Татбиқи чунин корхона метавонад яке аз масъалаҳои асосии шаҳри Душанбе коркард ва безараргардонии зиёда аз 1500 тонна партов дар як шабонарӯзро ҳал намояд, инчунин истеҳсоли нерӯи барқ ва гармиро таъмин кунад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи муштарак иброз намуданд.