Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори барномаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» (CASP+) ва «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби раиси Кумита саҳми назарраси лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди мазкур маблағгузоришаванда дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, инчунин бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо таъкид гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Созишномаи маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи нави «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ дар соҳаи чорводорӣ» ба имзо расид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки имкониятҳо барои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ ҳанӯз ҳам фаровон мебошанд.