Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Баҳодур Шерализода бо роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Беларус, муовини вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Виктор Анатолевич Галанов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла таҳияи Харитаи роҳ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва татбиқи муваффақонаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор аз 11 июни соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ оид ба мубодилаи таҷриба дар самти қонунгузории экологӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, коркард ва безараргардонии онҳо, инчунин идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муҳокима намуданд.
Муовини вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус оид ба истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар доираи фаъолияти ҳифзи муҳити зист дар Беларус маълумот пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо зарурати баргузории вохӯриҳои онлайнӣ байни мутахассисон ва мубодилаи сафарҳоро бо мақсади мубодилаи таҷриба ва таҳкими иқтидори мутахассисон таъкид намуданд.