Ҳамкорони азиз,
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён фарорасии Иди саиди Қурбонро барои кормандони ҳифзи муҳити зист, фаъолону табиатистифодабарандагон ва дар симои онҳо ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Боиси шукргузорист, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдилӣ ин иди муборакро таҷлил менамоянд.
Иди саиди Қурбон яке аз ҷашнҳои бузурги динии мардумамон ба ҳисоб рафта, рамзи садоқат, ихлос, фидокорӣ, эҳсон ва инсондӯстиро таҷассум менамояд. Ин иди муқаддас моро ба некиву хайрхоҳӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд, инчунин таҳкими дӯстиву бародарӣ раҳнамун месозад, ки он асоси дини мубини Исломро ташкил мекунад.
Дар ин рӯзи муборак анҷом додани корҳои хайр ва дуо барои сулҳу оромӣ, пешрафту ободии Ватан аз суннатҳои неки миллӣ ва арзишҳои инсонии мардуми мо ба шумор меравад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои худ, дар такя ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, талош менамояд, ки барои ҳифзи табиати кишвар ва муҳити зисти солим пайваста саҳмгузор бошад. Умед дорем, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро ин иди саид ба сарсабзии Ватан, тозагию хуррамгардонии табиати биҳиштосои кишварамон ҷалб менамояд.
Бо ибрози беҳтарин орзуҳо, бори дигар фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мардуми кишвар табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, саломатӣ, баракат ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамкорони азиз.