Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони сохторҳои соҳа мусобиқаи футбол ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқа дастаҳои Кумита ва зертобеъи он, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва муассисаҳои дигари соҳавӣ иштирок намуда, байни ҳам рақобати солим анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон, чунин бозиҳо байни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ташкил карда шуд, ки дар он дастаи бtмунтахаби Кумита фаъолона иштирок намуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи варзиш ва футбол, инчунин таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол ва таҳкими оммавияти варзиш сурат мегирад.
Иқдоми Кумита ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани руҳияи даставӣ ва ҷалби кормандон ба тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.