Дар доираи сафари корӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳодур Шерализода, бо роҳбарияти як қатор созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии рушд мулоқот намуд.
Дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мулоқоти раиси Кумита бо хонум Ивана Живкович - муовини Дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи Рушди СММ ва директори Бюрои минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, маблағгузории иқлимӣ ва раванди таҳияи NDC 3.0-и Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар шаҳри Вашингтон раиси Кумита бо ҷаноби Микко Олликайнен, роҳбари Фонди мутобиқшавӣ (Adaptation Fund) мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва ҷараёни аккредитатсияи яке аз марказҳои Кумита дар назди Фонд муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин, мулоқоти дуҷониба бо ҷаноби Иброҳима Чейх Дионг, директори иҷроияи Фонди вокуниш ба талафот ва зарар (FRLD), баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои арзёбӣ ва бартарафсозии талафот ва зарари вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, гидрометеорология ва таъсири иқлим ба ҷамоатҳои осебпазирро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва ҳифзи муҳити зист таъкид намуданд.
Едовар мешавем, ки Фонди вокуниш ба талафот ва зарар дар доираи COP-27 дар соли 2022 дар Шарм-аш-Шайх таъсис ёфтааст ва аз соли 2023 фаъолияти худро оғоз намуд. Фонди мазкур муваққатан аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ мизбонӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Фонд бо мақсади расонидани кӯмакҳои грантӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофи осебпазир барои пӯшонидани талафот ва зарарҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ аз тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.