18 майи соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии Морхӯр баргузор гардид. Рӯзи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст.
Чорабинӣ бо ташаббус ва дастгирии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) баргузор гардид.
Дар суханронии худ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода нақши муҳими Морхурро дар нигоҳдории солимӣ, тавозун ва устувории экосистемаҳои кӯҳӣ таъкид намуд.
Раиси Кумита дастовардҳои назарраси Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ин намуди нодир зикр карда, қайд намуд, ки саршумори морхӯр дар кишвар аз тақрибан 300 сар дар солҳои 1990-ум то ба зиёда аз 7000 сар дар замони ҳозира расидааст.
Ин барқароршавӣ натиҷаи татбиқи пайвастаи тадбирҳои ҳифзи табиат, мониторинги саҳроӣ, ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва идоракунии масъулиятноки олами ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад.
Бо назар ба оянда, Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки имконияти таҷлили Рӯзи байналмилалии Морхӯр моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе ҳамчун чорабинии байналмилалӣ баррасӣ карда шавад.
Дар анҷоми чорабинӣ зарурати тақвияти мониторинги мунтазами илмӣ, тавсеаи ҳамкориҳои фаромарзӣ ва сармоягузорӣ ба маърифати экологии ҷавонон таъкид гардида, уҳдадории муштарак барои ҳифзи гуногунии биологии кӯҳҳо барои наслҳои оянда бори дигар тасдиқ шуд.