Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои татбиқи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба давлатҳои аъзои Гурӯҳ барои дастгирии пайваста, шарикӣ ва саҳми фаъол дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо изҳори сипос намуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки таъсиси Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо дар СММ, ки ҳамраисии онро Тоҷикистон ва Аргентина ба уҳда доранд, бозгӯи афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун омили муҳими амнияти обӣ, рушди устувор, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин саҳми давлатҳои аъзо дар баргузории бомуваффақияти Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, махсус таъкид шуд.
Раиси Кумита зикр намуд, ки бо ташаббус ва роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои обу иқлим пайваста дар сатҳи байналмилалӣ пешбарӣ мегарданд.
Дар ин замина, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034 ва қатъномаи Ассамблеяи муҳити зисти СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун қадамҳои муҳим дар таҳкими амалҳои муштараки ҷаҳонӣ арзёбӣ шуданд.