19 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд боронҳои бошиддати селӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Рӯзи 19 май бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 19-20 май бо сабаби ба амал омадани боришот ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.