Дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратии муштараки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид.
Дар натиҷа нисбати қонуншикан санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда 57 сар моҳиҳо мусодира карда шуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ манъ карда шудааст.