Дар бинои ШТР «СМ-1» ва радиостансияи «Пайванд» (100.6 FM) дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ходими калони илмии филиали Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, мутахассисон ва коршиносони соҳаҳо вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии шабакаҳои маҳаллии сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ» ташкил гардида, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар радиои «Пайванд» (100.6 FM) давоми 5 моҳи наздик таҳия ва паҳши на кам аз 15 барномаҳои радиоӣ вобаста ба тағйирёбии глобалии иқлим, инчунин омода намудани 2 аудиоролики иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳадафи вохӯрӣ ба муттаҳид намудани кӯшишҳои намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷиҳати таҳияи мавзуъҳои муҳтавоӣ ва маводи коммуникатсионӣ, ки ба пешбурди ғояҳои сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ равона гардидаанд, бахшида шуд.
Ҳамзамон, рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон ғайр аз номгузории кории барномаҳои радиоии болозикр, механизмҳои ҳамкории самаранок, мубодилаи таҷриба ва таҳияи тавсияҳои амалӣ баррасию муҳокима гардиданд.
Боиси қайд аст, ки оғоз аз ҳамин моҳи май аввалин барномаҳои радиоӣ бо давомнокии аз 25 то 30 дақиқа пешкаши шунавандагон мегардад.