16-уми майи соли ҷорӣ аъзои клуби эковолонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии ташаббуси клуби «Волонтёрони экологӣ»-и назди Раиси шаҳри Душанбе дар амалиёти экологӣ, ки дар кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Зебуниссо ва Мирзобек баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Дар амалиёти экологӣ инчунин кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, шуъбаи сайёҳӣ ва экологияи милитсияи пойтахт, намояндагони соҳаи маориф, ташкилотҳои ҷавонон ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуда, канори роҳҳо, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои кӯдакона, ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.
Иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулият дар нигоҳдории тозагии муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги зиндагии шаҳрӣ ва ободониву зебогардонии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузоштанд.
Нимаи дуюми рӯз дар толори конфронсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи волонтёрон дар мавзуи «Волонтёрӣ - роҳи некӣ ва хидмат ба ҷомеа» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур аъзои клуби эковолонтёрони Кумита, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, инчунин дигар волонтёрон ва намояндагони сохтору бахшҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд.