Бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод оид ба назорати вазъи муомилот бо партовҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ситоди мазкур тақвият бахшидани назорат аз болои вазъи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муомилоти партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва таъмини ҳолати санитарӣ мебошад.
Айни замон аъзои ситоди доимамалкунанда ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», ки 2 ноябри соли 2012 таҳти №626 қабул гардидааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ фаъолият намуда истодаанд.