12 майи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаина баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтории Кумита доир шуда, дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи сипаригардида таҳлил гардида, вобаста ба иҷрои супоришҳои қаблӣ, рафти корҳои соҳавӣ ва вазифаҳои навбатӣ аз масъулин пурсон ва ба онҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои таҳкими интизоми меҳнат, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, иҷрои саривақтии супоришҳо ва хизматрасонии босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати иҷрои босамари вазифаҳо ва татбиқи нақшаҳои пешбинишуда қарори дахлдор қабул гардид.