8 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори минтақавӣ оид ба рушди устувор дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Самеҳ Ваҳба баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии сифати ҳаво ва гузариш бо рақамикунонии соҳаи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, муҳокимаҳои минбаъда ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ оид ба татбиқи барномаву стратегияҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи муштараки ташаббусҳои экологӣ иброз намуда, аҳаммияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист таъкид карданд.