Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10–11 майи соли равон дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Борони шадид, раъду барқ, шамоли сахт ва эҳтимоли омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар назар аст.
Боришоти пуршиддат бештар дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб, Рашт, Нуробод, Панҷакент, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз ва дигар ноҳияҳо пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд шамол то 15–20 метр дар як сония вазида, дар минтақаҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ то 8–10 дараҷа паст мешавад.
Аз 10 то 12 май эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳо ва сар задани сел вуҷуд дорад. Бинобар ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми боронҳои шадид ба соҳили дарёҳо ва ҷойҳои хавфнок наздик нашаванд. Инчунин, аз сафарҳои таваккалӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд, чораҳои эҳтиётиро ҷиддан риоя кунанд, кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед, бехатарии Шумо муҳим аст!