Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода доир гардида, зимни он аз саҳми бузурги иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷоннисориҳои фарзандони далери халқ ва аҳаммияти сулҳу субот барои ҷомеаи имрӯз ёдоварӣ карда шуд.
Дар ҷамъомад алоҳида кормандон бо маъруза ва суханронӣ баромад намуда, вобаста ба қаҳрамониву матонати иштирокчиёни ҷанг, эҳтироми хотираи шаҳидон ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон ибрози назар карданд.
Қайд гардид, ки корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша намунаи олии садоқат ба Ватан буда, пос доштани хотираи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми чорабинӣ хотираи қурбониёни ҷанг бо эҳтироми хоса гиромӣ дошта шуд.