Муҳим будани донишҳои экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбияи насли наврас ва дар маҷмуъ аҳолӣ маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни “Беҳдошти муҳити зист- кафолати ояндаи солим” баргузор гардид.
Озмун бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, тарғиби тозагии муҳити зист ва ҷалби хонандагон ба муаммоҳои экологӣ роҳандозӣ гардид.
Озмун аз руйи чор номинатсия -лоиҳаи экологӣ, рӯзномаи деворӣ, заковатсанҷ ва намоиши корҳои дастисози хонандагон аз маводҳои такрорӣ гузаронида шуда, дар умум 20 нафар иштирокчиён ғолиб ва бо диплому тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.