Санаи 4 то 5 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи минтақавии аъзоёни Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (CABCN) баргузор гардид. Ҷаласа дар доираи ҳамкории Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арборетуми миллии Ҷумҳурии Корея ва як қатор муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) доир карда шуд.
Ҷаласаи минтақавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ бо иштироки мутахассисон ва олимони институтҳои миллии ботаника ва боғҳои ботаникии чор кишвари Осиёи Марказӣ, намояндагон ва олимони Арборетуми миллии Корея, Арборетуми Бэкдудеган ва ташкилотҳои тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ таҳти раёсати Кумита баргузор гардида, ҳамчун платформа барои баррасии дастовардҳои охирини илмӣ-амалӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои арзишманди флористӣ хизмат намуд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии минтақавӣ муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо Мирзораҳимзода Акобир, роҳбари Донишгоҳи миллии Конҷу профессор Чанг Чанги ва намояндаи роҳбарияти Арборетуми миллии Кореяи Ҷанубӣ доктор Чанг Кэсон суханронӣ намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Исфандиёр Шукурзода таъкид намуд, ки гуногунии биологии кишвар, бахусус захираҳои арзишманди генетикии он, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва инчунин устувории экологӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Ӯ ба ҳамкорон ва шарикон барои ҳамкории дарозмуддати илмӣ-техникӣ изҳори сипос намуда, аҳаммияти тақвияти иқтидори илмӣ-тадқиқотиро барои таҳияи тадбирҳои илмӣ-асоснок ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои арзишманд ва дастгирии хизматрасониҳои экосистемӣ таъкид кард.
Муҳокимаҳои дар семинар баргузоршуда имкон доданд, ки самтҳои афзалиятноки кори муштарак дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа муайян карда шаванд, ки ба омӯзиши таркиб ва ҳолати растанипӯшии ҳудудҳои муҳимми флористӣ ва таҳияи тадбирҳои мувофиқи илмӣ оид ба истифодаи устувор ва ҳифзи намудҳои арзишманд равона мегарданд.