Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати экологии мактаббачагон, тарғиби ҳифзи муҳити зист ва ҷалби хонандагон ба муаммоҳои экологӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии "Беҳдошти муҳити зист - кафолати ояндаи солим" ташкил ва гузаронида шуд.
Дар озмун хонандагони 21 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия ва Литсей Гимназия аз рӯи чор номинатсия фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти озмун аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ба иштирокчиёни фаъоли озмун диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.