Дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар моҳи апрел баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти якмоҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ низ муҳокима шуданд.
Дар поёни ҷаласа оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.