Рӯзҳои 2- 4 майи соли ҷорӣ, бо сабаби боришоти боронҳои хусусияти сели маҳаллидошта ва ба амал омадани раъду барқ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта боқӣ мемонад.
Ҳамчунин, рӯзҳои 2 - 3 май дар минтақаҳои шарқии ВМКБ, бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад), баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби моддаҳои муаллақ (чанг), аз ҷумла заррачаҳои андозаашон то 10 мкм (PM10) ва то 2,5 мкм (PM2.5), дар назар аст.
Илова бар ин, рӯзҳои 3 - 4 май, бо сабаби ба амал омадани боришот, дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шудани сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.