30 апрел бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Замин бо ҷалб ва иштироки намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти илмӣ тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Ҷамъияти Олмон оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аъзои маҳфили эковолонтёрон ва Маркази омӯзиши дӯстдорони табиати Кумита семинари илмию назариявй баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳ аз тарафи мактаббачагон дар мавзуи муомилот бо партовҳо саҳнача пешкаши ҳозирин карда шуд. Сипас дар мавзуъҳои вобаста ба масъалаҳои мубрами марбут ба замин, аз ҷумла беҳтарсозии ҳолатии экологии он дар кишвар аз тарафи маърӯзачиён рӯнамоҳо пешкаш гардид.
Дар рафти саволу ҷавоб ва муҳокимарониҳо иштирокчиён аз баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки таҷлили Рӯзи Замин моро бори дигар аз мушкилоти ҷойдошта огоҳ намуда, барои дар якҷоягӣ амал кардан водор менамояд.