Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзӣ санаи 1-уми майи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба омӯзиши гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ баргузор гардид. Иштирокдорон бо тартиби истифодаи системаҳои электронӣ, имзои рақамӣ ва қоидаҳои ҳуҷҷатгузорӣ шинос шуданд.
Ҳадаф аз баргузории машғулияти мазкур баланд бардоштани самаранокии кор ва гардиш бо низоми муосири идоракунии ҳуҷҷатҳо мебошад.