Дар раванди Саммити минтақавии экологӣ - 2026 нахустин муколамаи сатҳи баланд оид ба Платформаи ҳамкории экологӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд. Муҳокима ба таҳкими ҳамкории минтақавии экологӣ ва равишҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувори минтақа равона шуда буд.