Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал изҳороти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур оид ба зарурати гузариш аз тавофуқҳои дипломатӣ ба иқдомҳои мушаххас ва натиҷамеҳвар ироа гардид.
Таъкид карда шуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои обӣ на чолишҳои дурнамои оянда, балки воқеияти ҳаррӯза мебошанд. Дар ин замина зикр шуд, ки ҳамкории СҲШ ва ЮНЕП бояд ҳамчун пули муассир барои табдил додани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба лоиҳаҳои амалӣ - аз мубориза бо партовҳои пластикӣ то ҳифзи экосистемаҳои ҳассоси кӯҳӣ хизмат намояд.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагии худро ҷиҳати татбиқи фаъоли Стратегияи иқтисоди сабз ва таҳкими ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ бори дигар таъкид намуда, изҳор дошта шуд, ки танҳо тавассути сафарбар намудани талошҳои муштарак метавон чолишҳои иқлимиро ба ояндаи муштараки устувор ва шукуфон табдил дод.