Рӯзи 24 апрели соли 2025, дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ RES2026 дар шаҳри Остона, мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳодур Шерализода бо Профессор Ҷим Скиа, роҳбари Гурӯҳи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC) баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои мониторинги тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ, инчунин масъалаҳои натиҷаҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо таваҷҷӯҳи муштараки худро ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва муттаҳид намудани маълумоти IPCC ба стратегияҳои миллии иқлимии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои бунёдкор сурат гирифта, қадами муҳим дар рушди муколама байни Тоҷикистон ва ҷомеаи илмӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва амнияти экологӣ мебошад.