Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати омодагӣ ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», дар ҳамкорӣ бо аъзои комиссияи доимоамалкунанда оид ба муомилот бо партовҳои бесоҳиб, ҷиҳати пешгирии ифлосшавии муҳити зист, кам намудани ҳаҷми партовҳо ва мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо дар шаҳри Хуҷанд корҳои мушаххас идома доранд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ва КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр дар ҳудуди маҳаллаҳои 3, 4, 5, 14, 15 ва 18, дар маҷмӯъ дар 14 нуқта партовҳои бесоҳиб ва заминҳои ҳамшафати нуқтаҳои партовпартоӣ бо истифода аз техникаҳои махсус тоза карда шуда, зиёда аз 80 м³ партов ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.