26 апрели соли 2026 дар маросими ва ҷоизасупории Фестивали «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи гулҳо доир шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти якҷо бо зерсохторҳои худ бо пешниҳоди шиору овезаҳо, инчунин маводи иттилоотию тасвирии вобаста ба ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.
Аз рӯи натичаҳо шаҳри Душанбе ба гирифтани Шоҳҷоиза (Гран-при) сазовор дониста шуд. Ҳамзамон ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 қадрдонӣ гардиданд.
Фестивали мазкур аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон иброз дошт, ки баргузории фестивал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Ҳадафи асосии он густариши корҳои ободонӣ, рушди бунёдкориву созандагӣ, ташаккули завқи зебоипарастӣ миёни аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.