Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» («Ҳокими қуллаҳо»), ки дар ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар фестивали байналмилалии «Astana Eco Film Festival 2026» соҳиби ҷоизаи бонуфузи Best Impact Storytelling Award гардид.
Филми мазкур ба табиати нодири Тоҷикистон ва аҳамияти ҳифзи бабри барфӣ бахшида шуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамони байналмилалӣ барои мазмуни амиқи экологӣ, сифати баланди наворбардорӣ ва паёми муҳими муҳити зист баҳои баланд гирифт.
Фестивали мазкур дар доираи Саммити минтақавии экологӣ (РЭС-2026) баргузор гардида, намояндагон ва эҷодкоронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам овард ва ба матраҳ гардидани масъалаҳои муҳимми экология ва рушди устувор мусоидат намуд.
Мо аз ин дастоварди арзишманд ва саҳми он дар пешбурди фарҳанги экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ифтихор менамоем