Дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар шаҳри Остона ҷаласаи пленарии сатҳи баланд таҳти унвони «Ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ҳамоҳангӣ бо табиат ба хотири рушди устувори минтақа» баргузор гардид.
Ин ҷаласа намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро барои роҳандозии ташаббуси муштараки минтақавӣ дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ муттаҳид намуд.
Рӯйдоди муҳими он имзои Эъломияи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ буд, ки ба таҳкими ҳамкориҳо ва татбиқи тадбирҳои ҳамоҳанг дар самтҳои ҳифзи табиат ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ равона шудааст.
Ҳуҷҷати мазкур таҳияи барномаи фарогир, нақшаи амал ва механизмҳои ҷалби захираҳоро дар доираи созишномаҳои байналмилалии экологӣ пешбинӣ менамояд.
Татбиқи ин ташаббус ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва пешбурди рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.