Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера тибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чунин амалиёт гузаронида шуда истодааст.
Рафти амалиёти болозикр, 124 адад нақлиёти гуногунтамға аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера муайян гардид.
Дар натиҷа, барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 29 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ба шуъбаҳои БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол гардиданд.