Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши табиӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо, аз 15 март то 1 июни соли 2026 дар дарёҳо ва обанборҳои вилояти Суғд моҳидорӣ манъ карда шуд.
Чорабиниҳо дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ба роҳ монда шуда, ситоди корӣ аз ҳисоби 27 нафар таъсис дода шуд.
Дар давраи аз 15 март то 15 апрели соли 2026 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо 84 амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, 37 санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Нисбати қонуншиканон 6 мавод нисбати 9 нафар (шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Ҷ. Расулов, Ашт ва Б. Ғафуров) тибқи моддаи 230 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.
Ҳамзамон, мутахассисони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИ Тоҷикистон дар доираи таҳқиқоти илмии «Коркард ва пешгӯии имконоти захираҳои моҳии обанбори Баҳри Тоҷик ва дарёи Сир барои солҳои 2026-2030» дар якҷоягӣ бо нозирон ва моҳидорон зиёда аз 10 маротиба таҳқиқоти ихтиологӣ гузаронида, рафти тухмгузории моҳиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.