Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел аз ҷониби мардуми саросари ҷаҳон барои нишон додани дастгирии ҳифзи муҳити зист таҷлил карда мешавад. Ин ид соли 1990 ҷашни байналмилалӣ эълон шуд ва дар ин рӯз одамоне, ки дар бораи масъалаҳои экологӣ дар гӯшаҳои гуногуни кураи Замин муҳим мебошанд, чорабиниҳоеро баргузор мекунанд, ки ба тозатар ва масъулиятноктар кардани ҷаҳон нигаронида шудаанд.
Дар кишвари мо Тоҷикистони офтобӣ низ бахшида ба Рӯзи Замин чорабиниҳои мухталиф баргузор мегардад. Дар ин рӯз гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди семинару мизҳои мудаввар, аксияҳои экологӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва ғайраҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Яке аз чорабиниҳои асосие, ки давоми ҳафта бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист ташкил ва гузаронида шуд ин аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» ба шумор рафта, аз ҷониби иштирокдорон корҳои тоза кардани атрофи маҳалли зист, кӯчаю хиёбон, роҳҳои пиёдагард ва ҷӯйборҳо, ҳудуди каналу сой, соҳили дарёи Сир ва дигар манбаҳои обии мавҷудбуда бо мақсади гузоштани саҳми худ дар ҳифз ва беҳдошти муҳити зист ба анҷом расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар аксияҳои мазкур ҳамагӣ, беш аз 6,7 ҳазор нафар намояндагони идора, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот фаъолона ширкат варзида, дар маҷмуъ ҳаҷми партовҳои ба партовгоҳҳо баровардашуда 74 метри мукаабро ташкил намуд.
Ҳамзамон, рафти чорабиниҳо ба иштирокдорон дар бораи вазифаи асосии санаи экологӣ - ба одамон хотиррасон кардани ин масъулият, аз хатару чолишҳои глобалӣ, ки дар назди хонаи умумии мо истодаанд, аз ҷониби кормандони зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд таъкид гардид.