18 апрели соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳал дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, Ваҳдат-Норак ва Норак-Данғара аксияи навбатии «Тозагии маҳал" ва "Тозагии шоҳроҳ" гузаронида шуд.
Дар ин тадбири экологӣ сокинони касбу кори гуногун дастаҷамъона ба ҳашар баромада, маҳаллаҳои аҳолинишин, боғу гулгашт, назди марказҳои савдову хизматрасонӣ ва шафати шоҳроҳҳоро поккорӣ намуда, ҳамзамон алафҳои рӯидаро даравида ба тартиб дароварданд.
Иқдоми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, ба тозагиву озодагӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ мусоидат менамояд.