18 апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи донишҳои экологӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси кушоди таълимӣ дар мавзуи “Саҳми журналистон дар баланд бардоштани маърифати экологӣ” бо иштироки сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Яқубов Ҷамолиддин баргузор гардид.
Дар фарҷоми машғулияти мазкур китоби тозанашр бо номи “Журналистика ва маърифати экологӣ” ба омӯзгорони факултети филология ва рӯзноманигории донишгоҳи номбурда тақдим карда шуд. Китоби мавриди назар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеаро дарбар мегирад.