Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидани корҳои созандагию ободонӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар шоҳроҳи Душанбе - Суғд, ҳудуди Ҷамоати деҳоти Варзоб Қалъа аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар беҳдошти муҳити зист гузоштанд. Иштирокчиён шафати роҳҳоро аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза намуда, партовҳоро ҷамъоварӣ карданд.
Партовҳои ҷамъоваришуда тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ ба партовгоҳи расмии шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд. Ташкили чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва нигоҳдории тозагии муҳити зист мусоидат менамояд.