Дар соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бахшида ба 15 апрел-Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Литсей барои хонандагони балаёқати шаҳри Хуҷанд, инчунин Маркази таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон, дар маҷмуъ байни 7 даста озмун - викторина ташкил ва гузаронида шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти холҳои ба даст овардаи баромадкунандагон, соҳиби ҷойи якумро даста бо номи «зелёный десант»-Литсей барои хонандагони балаёқати шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро даста бо номи «эковремя»-МТМУ №21 ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюмро даста бо номи «экопайравон»-МТМУ №2-и шаҳри Истиқлол ишғол намуда, соҳиби ҷоми ғолибон ва туҳфаҳо гардиданд.
Ба ҳамаи боқимонда иштирокчиёни озмун - викторина низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.