Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳолати гидрологӣ, таъмини гардиши муътадили об, пешгирии ҷамъшавии лойоба ва нигоҳдории низоми экологии ҳудуди мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи Палангон» корҳои насбу ҷойгиркунии қубури обгузарро ба роҳ монд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмин намудани ҷараёни озоди об ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративию экологии минтақа, каналҳо ва маҷрои обгузари мамнуъгоҳ мунтазам аз лой ва дигар монеаҳо тоза карда мешавад. Ин тадбирҳо барои ба эътидол овардани ҳаракати об, пешгирии обмонӣ ва ҳифзи муҳити табиии ҳудуди мамнуъгоҳ аҳаммияти муҳим доранд.
Қобили зикр аст, ки ҳолати экологӣ ва гидрологии мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи Палангон» зери назорати доимии масъулини соҳавии Кумита ва роҳбарияти мамнуъгоҳ қарор дошта, корҳои дахлдор дар ин самт мунтазам идома доранд.